Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони музокироти ҳастаии Эрон баъд аз моҳи Рамазон


Аҳмет Довутоғлу-вазири хориҷаи Туркия мегӯяд, Эрон мумкин аст дар бораи барномаҳои зиддунақизи ҳастаии худ дар охири моҳи Рамазон тақрибан дар ҳафтаи дуввуми сентябр бо Иттиҳодияи Аврупо ба музокира биншинад. Довутоғлу ин нуктаро дар як нишасти хабарӣ дар Истамбул баъд аз мулоқошташ бо Манучеҳр Муттакӣ-вазири хориҷаи Эрон ва Селсо Аморин-вазири хориҷаи Бразилия иброз дошт. Довутоғлу ҳамчунин гуфт, Эрон рӯзи душанбе, 26-ӯми июл ба Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ нома мефиристад ва аз ин ниҳоди СММ дархост мекунад, ки роҷеъ ба иваз кардани урани камғанишуда музокироти алоҳидаи фанниро оғоз кунад.
XS
SM
MD
LG