Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия мизбони мулоқот бо Эрону Бразилия аст


Имрӯз вазирони корҳои хориҷаи Туркия ва Эрону Бразилия дар Истамбул бо ҳам мулоқот карданд, то масъалаи иваз кардани урани камтарғанишударо баррасӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд бад-ин тариқ ихтилофи назарҳо дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон аз миён бардошта шавад. Аҳмет Довутоғлу-вазири хориҷаи Туркия бо Челсо Аморин-ҳамтои бразилиягии худ мулоқот кард. Сипас Манучеҳри Муттакӣ-вазири хориҷаи Эрон ба мулоқоти онҳо ҳамроҳ шуд, то дар бораи дурнамои ҳали сулҳомези барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон машварат кунанд. Вазири хориҷаи Туркия гуфт, Анкара саъй хоҳад кард, то заминаи ҳали дипломатии мушкили ҳастаии Эрон пайдо шавад.
XS
SM
MD
LG