Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи мусиқии "Корвони ишқ" дигар баргузор намешавад


Созмондиҳандагони ҷашнвораи мусиқии "Корвони ишқ" дар Олмон мегӯянд, онҳо интизор надоранд, ки баъд аз кушта шудани 19 нафар ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар ин ҷашнвора бори дигар баргузор шавад. Матбуоти Олмон гузориш додааст, ки дар ин ҷашнвора, дастикам, 1-миллиону 400 ҳазор нафар ҳаводорон ширкат доштаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, гиру бор замоне шурӯъ шудааст, ки пулис охири нақбро бастааст, вале набояд он баста мешуд ва ҳаракти одамон идома меёфт. Алекс Дубен-яке аз ширкаткунандагони ҷашнвора гуфт, вай дидааст, чӣ тавр одамоне, ки ба нақб даромада буданд, саросема мехостанд аз нақб ба берун даванд:

"Онҳо аз болои якдигар роҳ мерафтанд ва талош мекарданд аз зинаҳо боло бидаванд ва аз девори селгардон бипаранд. Ин як ҳолати пурсару садо буд. Ҳеҷ кас пеш рафта наметавонист, ҳеҷ кас қафо гашта наметавонист. Мо наметавонистем коре кунем".

Бори аввал ҷашнвораи мусиқии "Корвони ишқ" дар Олмон соли 1989 баргузор шуд ва ҳоло он яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои мусиқии Аврупо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG