Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон мегӯянд, сарбозони гумшуда дар дасти онҳост


Шӯришиёни Толиб дар Афғонистон мегӯянд, онҳо яке аз ду сарбози бедаракшудаи Амрикоро дар асорати худ нигоҳ медоранд. Ин сарбозон рӯзи ҷумъа аз маҳали иқомати худ берун рафтаанд ва дигар барнагаштаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд ҷасади сарбози дуввум, ки кушта шудааст, дар дасти онҳост. Забиҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон телефонӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, раҳбарони Толибон баъдтар дар бораи сарнавишти ояндаи асир тасмим хоҳанд гирифт. Муҷоҳид дар бораи пешниҳоди қаблии Толибон, ки мехоҳанд ҷасади асирро бо афроди боздоштшудаи Толибон иваз кунанд, чизе нагуфт. Мошини сарбозонро дар вилояти Лугар пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG