Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посгоҳи нави гумрукӣ дар Панҷи Поён ба кор даромад


Хабаргузории Регнум иттилоъ додааст, ки дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён посгоҳи нави гумрукӣ боз шудааст. Ин посгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ва арзиши он 12 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин посгоҳ дар чаҳорчӯбаи барномаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири фармондеҳии марказии Амрико сохта шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, қаблан барои бозрасии як мошин ду соат вақт сарф мешуд, ҳоло бозрасии муфассал танҳо чанд дақиқа вақтро мегирад. Ба ин тартиб, ин посгоҳ ба ҷои 10-12 мошин дар як шабонарӯз метавонад то 100 мошинро расидагӣ ва ба идомаи роҳ иҷоза диҳад.
XS
SM
MD
LG