Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Спартакиадаи низомиёни Шӯравии собиқ шурӯъ шуд


Рӯзи якшанбе дар Санкт-Петербурги Русия спартакиадаи 7-ӯми кишварҳои мустақили ҳамсуд оғоз шуд. Дар он 300 варзишгари низомӣ аз нируҳои мусаллаҳи Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистону Украина ширкат мекунанд. Мусобиқоти варзишӣ то 30-юми июл давом мекунад. Ширкаткунандагон дар навъҳои гӯштии озод, вазнабардорӣ, мини-футбол, давидан ба масофаҳои гуногун, оббозӣ ва амсоли он бо ҳам мусобиқа мекунанд.
XS
SM
MD
LG