Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 шӯришӣ дар посгоҳи пулис дар Ингушистон кушта шуданд


Пулис ду нафари шубҳаоварро дар роҳи автомобилрави Қафқоз дар Ингушетистон дар марз бо Чеченистон ҳадафи оташ қарор дод. Хабаргузории русии РИА Новости менависад, пулис хостааст дар посгоҳи Назран мошинеро барои расидагӣ нигоҳ дорад. Вале шӯришиён ба сӯи пулис оташ кушодаанд. Сухангӯи нируҳои амниятии маҳаллӣ гуфтааст, дар оташи ҷавобии пулис ду шӯришӣ кушта шудаанд. Ҳар ду кушташуда барои ҳамла ба кормандони пулис ва шаҳрвандон гумонбар дониста мешуданд.
XS
SM
MD
LG