Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Тоҷикистон дар иҷлоси ЮНЕСКО баррасӣ мешавад


Имрӯз дар Бразилия 34-ӯмин иҷлоси Кумитаи байналмиллалии мероси ЮНЕСКО ба кор оғоз кард. Кори иҷлос аз 25-ӯми июл то 3-юми август давом мекунад. Дар он 35 кишвар мероси миллӣ ва таърихии худро барои ворид кардан ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ пешкаш кардаанд, ки дар миёни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст. Соли ҷорӣ дар маҷмӯъ барои ворид кардан ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ 32 номгӯи нав пешниҳод шудааст. 3-тои он табиӣ, 24-то фарҳангӣ ва 2-тои он табиӣ-фарҳангӣ мебошанд. Тоҷикистон барои ворид кардан ба ин феҳрист Боғи Миллии худро ё Боғи Табиии худро пешниҳод кардааст. Боғи Миллии Тоҷикистон дар кӯҳистонҳои Помир ҷойгир аст ва ба он Кӯли Сарез, пиряхи Федченко ва масоҳати зиёди кӯҳистонҳои дорои гиёҳҳои нодир ва ҳайвонот дохил мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки дар ин минтақа ба гиёҳҳо ва ҳайвоноти нодир хатари нобудӣ таҳдид мекунад ва Боғи Миллӣ ба ҳифзу муроқибати хос ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG