Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кушташудагони "Корвони ишқ"-и Олмон ба 19 нафар расид


Дар ҷараёни як ҷашнвораи бузурги мусиқӣ бо номи "Корвони ишқ" дар Олмон дар дохили як нақб сару садоҳо ба роҳ афтод ва баъзе аз одамон дар ҳоли фирор зери пой монданд. 19 нафар кушта шуд ва беш аз 80 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҷароҳати баъзе аз онҳо вазнин аст. Пулис гуфт, дар даҳонаи нақб, ки замоне истгоҳи вагонҳои борбари роҳи оҳан будааст, сару садоҳо роҳ афтод ва фирори беназми ширкаткунандагон, ба вижа ширкаткунандагони ҷавон, шурӯъ шуд. Алекс Дубен-яке аз ширкаткунандагони ҷашнвора гуфт, вай дидааст, чӣ тавр одамоне, ки ба нақб даромада буданд, саросема мехостанд аз нақб ба берун даванд:

"Онҳо аз болои якдигар роҳ мерафтанд ва талош мекарданд аз зинаҳо боло бидаванд ва аз девори селгардон бипаранд. Ин як ҳолати пурсару садо буд. Ҳеҷ кас пеш рафта наметавонист, ҳеҷ кас қафо гашта наметавонист. Мо наметавонистем коре кунем".

Ин ҷашнвораро, ки дар он ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор нафар ширкат мекарданд, билофосила бознадоштанд, зеро мақомот бар ин андеша буданд, ки сару садоҳо тақвият меёфт ва мардум бештар ба ҳарос меафтоданд. Бори аввал ҷашнвораи мусиқии "Корвони ишқ" дар Олмон соли 1989 баргузор шуд ва ҳоло он яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои мусиқии Аврупо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG