Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷашнвораи мусиқии Олмон 18 нафар зери пой кушта шуданд


Дар ҷараёни як ҷашнвораи бузурги мусиқӣ бо номи "Корвони ишқ" дар Олмон дар дохили як нақб сару садоҳо ба роҳ афтод ва баъзе аз одамон дар ҳоли фирор зери пой монданд. 18 нафар кушта шуд ва беш аз 80 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҷароҳати баъзе аз онҳо вазнин аст. Пулис гуфт, дар даҳонаи нақб, ки замоне истгоҳи вагонҳои борбари роҳи оҳан будааст, сару садоҳо роҳ афтод ва фирори беназми ширкаткунандагон, ба вижа ширкаткунандагони ҷавон, шурӯъ шуд. Ин ҷашнвораро, ки дар он ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор нафар ширкат мекарданд, билофосила бознадоштанд, зеро мақомот бар ин андеша буданд, ки сару садоҳо тақвият меёфт ва мардум бештар ба ҳарос меафтоданд. Бори аввал ҷашнвораи мусиқии "Корвони ишқ" дар Олмон соли 1989 баргузор шуд ва ҳоло он яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои мусиқии Аврупо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG