Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи сарбозони амрикоӣ аз ҳаво ва замин дар Афғонистон


Ҷустуҷӯи 2 сарбози бедаркшудаи Амрико дар ҷануби Афғонистон аз ҳаво ва дар замин идома дорад. Дар эъломияи нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ё АЙСАФ омадааст, ин ду сарбоз рӯзи ҷумъа аз маҳали иқомати сарбозон берун рафтаанд ва дигар барнагаштаанд. Мошини онҳоро дар вилояти Лугар пайдо кардаанд. Дар эъломия дар бораи миллияти онҳо чизе гуфта нашудааст, вале хабаргузории Ройтерз аз қавли як мақоми номаълуми Амрико гуфтааст, онҳо ҳар ду амрикоӣ мебошанд. Сухангӯи Толибон инкор кардааст, ки онҳо дар паси рабудани ин сарбозон қарор доранд. Бо вуҷуди ин, вай қаблан бо намояндагони матбуот тамос гирифтааст ва дар бораи ин сарбозон ва таҷҳизоти онҳо муфассал сӯҳбат кардааст.
XS
SM
MD
LG