Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози машқҳои муштараки низомии Амрикову Кореяи Шимолӣ


Имрӯз Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар обҳои баҳри Ҷопон машқҳои густардаи нируҳои обии худро оғоз карданд. Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико ва Ким Та Янг-вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ дар як эъломияи муштарак гуфтаанд, ин яке аз машқҳоест, ки "ба Кореяи Шимолӣ паём мефиристад, то ба рафтори таҷовузкоронаи худ хотима диҳад". Фармондеҳии СММ ба раҳбарии Амрико гуфт, дар ин машқҳои чаҳоррӯза 20 киштӣ ширкат хоҳанд кард. Киштии ҳавопаймобари Ҷорҷ Вошингтон низ аз ҷумлаи онҳост. Ҳудуди 200 ҳавопаймои низомӣ низ дар машқҳо ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG