Пайвандҳои дастрасӣ

Иддаои Толибон дар бораи боздошти 2 сарбози Амрико


Шӯришиёни Толиб дар Афғонистон мегӯянд, онҳо 2 сарбози амрикоиро дар ҷануби ин кишвар дар вилояти Лугар боздошт кардаанд. Хабарнигори Ройтерз дар Лугар гуфтааст, як радиои маҳаллӣ эъломияи Амрикоро дар ин бора пахш кардааст, ки гӯё Амрико барои раҳоии амни ин сарбозон 20 000 доллар ҷоиза медодааст. Ройтерз аз номи сухангӯи Толибон навиштааст, се сарбоз боздошт шудаанд, вале як нафари онҳоро ба қатл расондаанд. НАТО таъйид кардааст, ки дирӯз 2 сарбози онҳо маҳали хидматро тарк кардаанд, вале бознагаштаанд. Ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG