Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи назорат бар қонуни Афғонистон ба кор шурӯъ кард


Рӯзи шанбе дар Афғонистон Кумитаи назорат бар иҷрои Қонуни Асосии ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард. Ин дар ҳолест, ки Қонуни Асосии Афғонистон шаш соли пеш ба тасвиб расида буд. Нақши кумитаи мазкур ин аст, ки ба ин қонун назорат барад ва ба он эҳтиром гузоранд. Бо вуҷуди ин, то ҳол сухани ниҳоӣ ба Додгоҳи Олист, ки моддаҳои қонунро тавзеҳу ташреҳ мекунад. Агар Кумита ошкор кунад, ки Қонуни Асосӣ нақз шудааст, парвандаро дар ин бора ба додгоҳ мефиристад. Қонуни Асосии Афғонистон моҳи январи соли 2004 қабул шуда буд.
XS
SM
MD
LG