Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2010-ум беш аз 740 кило тило дар истеҳсол кардааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 203 кило бештар аст. Тоҷикистон қасд дорад, то поёни сол бештар аз 1700 кило тило тавлид кунад. Коршиносон имкони воқеъии Тоҷикистон дар тавлиди тилоро аз ин ҳам бештар медонанд.

Хайрулло Маҳмадалиев, муовини вазири энержию саноати Тоҷикистон, бо тайиди ин хабар гуфтааст, интизор меравад, то поёни соли ҷорӣ корхонаҳои тавлиди тилои кишвар беш аз ҳазору 700 кило ин навъи метали гаронбаҳо истеҳсол карда, мизони тавлидотро 40 дарсад афзоиш диҳанд.

Беш аз ним тонна аз ин тилои истихроҷшударо Бонки миллии кишвар харидорӣ кардааст. Ва аммо оё имконоти воқеии Тоҷикистон барои истеҳсоли тило танҳо ҳамин қадар аст?

Коршиносон мегӯянд, агар шароити беҳтар барои соҳибкорони ватанӣ муҳайё шавад, мизони тавлидоти металҳои гаронбаҳо, аз қабили тило ва нуқра бамаротиб хоҳад афзуд.



Хайрулло Маҳмадалиев афзуд, бо сармоягузории бештари саҳмдорони корхонаи «Зарафшон», истеҳсоли ин навъи метали гаронбаҳо метавонад дучанд шавад: «Тобистони соли оянда ширкати чиноии «Зиҷин майнинг», ки соҳиби бахши аъзами саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» аст, корхонаи нави тиллокорӣ хоҳад сохт. Қарор аст дар се соли оянда барои рушди корхонаи истеҳсоли тиллои Зарафшон ҳамчунин 30 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шавад».

Ширкати чинии «Зиҷин Майнинг», ки соҳиби 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки тилокории «Зарафшон» аст, гуфтааст, соли 2010-ум дар кони мазкур якуним тонна тило истихроҷ шуда, дар се соли оянда ин рақам ба 4-5 тонна расонида шавад.

«Зиҷин Майнинг» барои таъминоти фаннии корхонаи «Зарафшон» то ин замон беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст.

Бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда, тамоми металҳои гаронбаҳои истихроҷшуда дар кони мазкур аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири такмили захираи давлатии тилои Тоҷикистон харидорӣ мешавад.

Коршиносон мегӯянд, аз сӯйи ширкатҳои хориҷӣ истихроҷ шудани металҳо ва сангҳои гаронбаҳо дар бисёре аз кишварҳои дорои чунин сарвати табиӣ амри маъмулист.

Иқтисоддон Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, бо омадани ширкати чиноии «Зиҷин майнинг» ба корхонаи тиллокории «Зарафшон» дар ду соли пеш, мизони истихроҷи тило рӯ ба афзоиш ниҳодааст, аз ин ҳисоб ҳам буҷаи давлат ғанӣ гардида ва низ беш аз якуним ҳазор сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.

"Бояд ба гурӯҳҳои тилокори хурд шароит муҳайё кард"

Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Ҷумъаев, имконоти воқеии ширкатҳо ва корхонаҳои истеҳсоли тило дар Тоҷикистон бамаротиб бештар аз 740 килограмм аст, ки имсол тавлид шудааст. Зимнан, ба иддаои ӯ, агар қонунгузории кишвар дар соҳаи истихроҷ ва коркарди тиллою сангҳои гаронбаҳо содда шуда, шароити беҳтаре барои кори соҳибкорони ватанӣ муҳайё гардад, тавлидоти тило дар Тоҷикистон солона аз марзи 4-5 тонна хоҳад гузашт:

«Дар Тоҷикистон кайҳо замони он расидааст, ки барои гурӯҳҳои хурд-хурди тилокорон, ё артелҳо, як шароити дуруст муҳайё кунанд аз тарафи қонунгузорӣ. Масалан, ҳоло додани муҷаввиз ё иҷозатномаи истихроҷи тило комилан дар салоҳияти Ҳукумати Тоҷикистон аст ва 4-5 нафаре, ки артелҳои худро мехоҳанд таъсис дода, ба истихроҷу коркарди тило машғул шаванд, имконияти дарёфти чунин иҷзоатномаро надоранд. Зеро амалан, расмиёти дарёфти чунин муҷаввиз бисёр мушкил аст ва ҳатто ғайриимкон мебошад барои артелҳои хурд...»

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи мутахассисони саридораи геологияи Тоҷикистон истихроҷи манбаъҳои тиллову нуқра ба сармояҳои хориҷӣ ниёз дорад. Ба ин далел, ки Тоҷикистон аз тавони фанновариҳо дар ин бахш бархурдор нест.

Мақомоти давлат маълумот дар бораи захираҳои тило ва конҳои истихроҷи металҳои гаронбаҳоро дар аксари маворид махфӣ нигоҳ медоранд. Аммо ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистони ғанӣ аз захираи тило ва нуқра 3 кони тило, аз ҷумла конҳои тило дар Шуғнон, Панҷакент ва Қайроқум, фаъол аст.

Ба ғайр аз он, кони тилои Шаҳбас, дар наздикиҳои кони тилои Тарори Панҷакент мавҷуд аст, ки ҳанӯз дастнохӯрда буда, захираҳои эҳтимолии тило дар чаҳор қитъаи ин кон 75 тонна арзёбӣ мешавад. Майдони Мосрифи Панҷакент ҳам бо конҳои тилои мавсум ба Ғиждарва, Бодгоҳ ва Очакуруд ояндадор унвон мешавад.

Гузашта аз он, соле қабл дар минтақаи Покрӯди Ромит ҳам кони бузурги тилло кашф шудааст, ки ба гуфтаи мутахассисон, захираи он бештар аз 28 тонна муайян шудааст.

Корҳои иктишофии он аз сӯи ширкати бритониёии «Крисо Рекобсез» сармоягузорӣ шудааст. Ин ширкат 4 миллион доллар масраф кардааст ва талош дорад, барои истихроҷ ва коркарду тавлиди тило дар манбаи Покрӯд барои сохтмони як корхонаи тавлиди тило сармояҳои худро ҷалб кунад.

Дар чанд соли охир тавлиди тило дар Тоҷикистон коҳиш ёфта буд ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 тонна дар сол истеҳсол мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG