Пайвандҳои дастрасӣ

12 норозии сиёсии Эрон дар Олмон паноҳанда шуданд


Олмон аз 12 норозии сиёсӣ, ки баъд аз интихоботи зиддунақизи соли гузаштаи раёсати ҷумҳурии Эрон ин кишварро тарк карда буданд, истиқбол кард. Вазорати дохилаи Олмон гуфт, ин 12 нафар аз ҷумлаи 50 нафаре мебошанд, ки аз режими Эрон интиқод карда буданд ва сипас ба Туркия паноҳ бурданд. Ҳоло онҳо ба "далоили башарӣ" ба Олмон меоянд. Муносиботи Олмону Эрон дар давоми соли гузашта сард шудааст. Олмон аз таҳримҳои СММ бар зидди Эрон ба ъаври ҷиддӣ ҳимоят кард ва ин таҳримҳо бар зидди барномаҳои ҳастаии Эрон ба тасвиб расид.
XS
SM
MD
LG