Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ дар бозори Самара: 2 кушта ва 5 захмӣ


Дастикам шаш марди мусаллаҳи номаълум дар бозори хӯроквории шаҳри Самараи Русия ба сӯи посбонон оташ кушодаанд. Бино ба хабарҳо, дар ин тирандозӣ 2 нафар кушта шудаанд. Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ҳамлакунандагон савори се мошин вориди минтақа шудаанд ва баъд аз тирандозӣ аз маҳали ҳодиса ғайб задаанд. 5 нафари дигар дар ин тирандозӣ захмӣ шудаанд ва ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар бораи ҳуввияти кушташудагон ва афроди захмӣ чизе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG