Пайвандҳои дастрасӣ

Майк Муллен бо як низомии Покистон мулоқт кард


Имрӯз дар Исломобод-пойтахти Покистон дарёсолор Майк Муллен-фармондеҳи аршади Амрико бо генерал Тариқ Маҷид-раҳбари ифтихории нируҳои мусаллаҳи Покистон дидор ва амнияти минтақаро баррасӣ кард. Ҳукумати Покистон гуфт, дарёсолор Майк Муллен, ки ҳоло раиси ситоди муштараки артиши Амрико мебошад, конфронси баргузоршудаи байналмиллалӣ дар Кобул ва пешрафтҳои Покистон дар ҷанг бар зидди тундгароиро баррасӣ кардааст. Амрико аз ҳузури нируҳои тундрави исломӣ дар Покистон, ки барои ҳамла ба нируҳои НАТО муқассир дониста мешаванд, нигарон аст.
XS
SM
MD
LG