Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико хостори қатъи "лаҳни таҳрикомез" шуд


Вошингтон аз Кореяи Шимолӣ хостааст, ки аз "лаҳни таҳрикомез" худдорӣ кунад. Ин даъват дар ҳоле нашр шудааст, ки Кореяи Шимолӣ қаблан бо "ҷанги муқаддас" бар зидди машқҳои муштараки Кореяи Ҷанубиву Амрико таҳдид кард ва гуфт, ин ҷанг бо такя ба тавоноии ҳастаиаш оғоз хоҳад шуд. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, "мо хостори ҷанги лафзӣ бо Кореяи Шимолӣ нестем. Мо аз Кореяи Шимолӣ суханони таҳрикомез камтар ва фаъолиятҳои созанда бештар интизорем". Коммиссияи Миллии дифои ин Кореяи Шимолӣ гуфтааст, низомиёни кишвараш ба хатари ҳастаӣ омодагӣ мегиранд, то дар посух ба машққҳои муштараки низомии Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико "Ҷанги муқаддас"-ро оғоз кунанд. Қарор аст рӯзи якшанбе дар обҳои нимҷазираи Корея машқҳои мутараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико оғоз шавад ва дар он киштиҳои ҳавопаймобар, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва ҳазорон нафар низомӣ аз ҳар ду кишвар ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG