Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими гусели расмии Маккристал


Генерал Стейнлӣ Маккристал, фармондеҳи собиқи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ба таври расмӣ дар маросиме дар бандари Макнейр дар Вошингтон истеъфо дод. Ӯ барои интиқод аз раҳбарони ғайринизомии Амрико дар матбуот аз мақом барканор шуда буд.

Генерал Маккристал дар як маросими низомӣ рӯзи ҷумъа аз эҳтироми хос бархӯрдор шуд. Ба эҳтироми вай туфангҳо 17 бор ба ҳаво тир холӣ карданд. Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико ва Сайд Тайиб Ҷавод-сафири Афғонистон дар Амрико дар ин маросим ширкат доштанд.

Стейнлӣ Маккристал дар ин маросим гуфт, вай замоне аз мақоми худ меравад, ки кор дар Афғонистон ҳанӯз ба поён нарасидааст:

"Бо истеъфои худ ман кореро тарк мекунам, ки дар бораи он эҳсосоти қаввӣ дорам. Ман кореро ба поён мебарам, ки 38 соли пеш шурӯъ шуда буд. Ман ӯҳдадориҳои иҷронашудаеро тарк мекунам, ки ба баъзе ҳамкоронам дар ҷанг дода будам, ӯҳдадориҳое, ки ба онҳо эҳтиром дорам. Хидмати ман он гуна, ки ман орзу мекардам, ба поён нарасид".

Сайд Тайиб Ҷавод, сафири Афғонистон дар Амрико ба ҳозироин гуфт, Маккристал дар ҷараёни хидматаш дар Афғонистон заминаро барои пирӯзӣ бар террористҳову тунгароён фароҳам сохт.

Ӯ ба Маккристал ва сарбозони амрикоӣ барои ҷоннисориҳояшон ҳангоми кӯмак ба мардуми Афғонистон ва фароҳам сохтани заминаи амн дар ин кишвар изҳори сипос кард.

РобертГейтс-вазири дифои Амрико аз хадамоти оқои Кристал ситоиш кард ва гуфт, вай ҳангоми фаъолияташ дар Афғонистон кори наверо ҷорӣ кард, яъне дар ҷараёни амалиёт ҳамзамон бо мубориза маълумоти иктишофӣ низ гирдоварӣ мекард. Бо вуҷуди ин моҳи гузашта Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико барои тавзеҳоти МакКристал дар мақолаи маҷаллаи "Rolling Stone" вайро аз мақомаш барканор кард. Вай дар ин мақола аз раҳбарони ғайринизомӣ аз Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ва аз Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон интиқод ва онҳоро таҳқир карда буд.
XS
SM
MD
LG