Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори раҳбарони ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ бо Ҳуго Чавез


Раҳбарони ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон, яъне Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дар Каракас бо Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуела мулоқот карданд. Хабаргузориҳо аз қавли Чавез гуфтаанд, дар мулоқот бо Сергей Багапш-раҳбари Абхозистон ва Эдуард Кокойтӣ-раҳбари Осетияи Ҷанубӣ аслан масъалаҳои густариши ҳамкории миёни Венесуело бо ин ду минтақаи ҷудоихоҳ баррасӣ шудааст. Чавез гуфтааст, вай кишварҳои дигари Амрико Лотин, аз ҷумла Парагвай, Уругвай, Куба, Боливия, Эквадор, Бразилия ва Аргентинаро ташвиқ хоҳад кард, ки Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба унвони давлати мустақил ба расмият шиносанд. Венесуело аз ҷумлаи чаҳор кишвар, аз қабили Русияву Никарагуа ва кишвари хурди Науру дар ҷазираҳои ҷанубии Уқёнуси Ором аст, ки истиқлоли ин ду ҷумҳуриро эътироф кардаанд.
XS
SM
MD
LG