Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони Ҷомӣ: Об мехоҳем, об!


Галина Курка, корманди идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷомӣ

Галина Курка, корманди идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷомӣ

Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз норасоии оби софи нӯшиданӣ шикоят мекунанд. Гуфта мешавад, беш аз 90 дарсади аҳолии ноҳия ба оби софи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд

Барои дарёфти об иддае аз сокинони маҳаллӣ водор ҳастанд, то як-якуним километр роҳро паймуда, ба лаби ҷӯйбору рӯдхонаҳо бираванд.

Наталя Юрченко, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аст, ки мегӯяд, ҳарчанд дар маркази ноҳия истиқомат мекунад, дастрасӣ ба оби софи нӯшиданӣ надорад. Вай меафзояд, ба мисли ӯ ҳазорҳо сокини дигари маркази ноҳия ва рустоҳо низ натанҳо дар хонаҳояшон, балки дар хиёбонҳо ҳам оби равони нӯшиданӣ надоранд ва аз норасоии об азият мекашанд:

«Мо оби тозаро фақат саҳару бегаҳ мебинем, тамом, дигар оби нӯшиданӣ нест. Обро аз зери замин мекашанд, аз чоҳҳо, баъзан вақт насосҳои обкашро фаъол мекунанд, 1-2 соат дар як рӯз об мегирем. Дар фасли зимистон бошад, аз ҷӯйбор мекашонем обро, оби ифлос аст, албатта, метарсем аз хӯрданаш, аммо илоҷ надорем дигар, дар маркази ноҳия об нест...»

Нигаронӣ аз паҳншавии домана

Хонум Юрченко мегӯяд, ба сабаби истифода аз оби нопоки зеризаминӣ ва рӯдхонаҳо, худи вай ду дафъа гирифтори бемории домана шуда, ҳамакнун вазъи сиҳҳатии фарзандони хурдсолаш ӯро ба ташвиш гузоштааст:

«Аввал обро дар ягон баки калон гирифта рӯйи оташ мегузорем, то ки хуб биҷӯшад, баъд гирифта онро дар пухтани ғизо истифода мекунем. Ман ду кӯдаки хурд дорам, якеаш дусола ва дуввумӣ яксола. Ман зинҳор аз ин об ба онҳо намедиҳам, ин об онҳоро шикамрав мекунад, зуд ҳолашон бад мешавад. Барои ҳамин аз мағозаҳо ҳар рӯз як зарфи 5-литраи оби соф мехарам ва ба кӯдакон медиҳам. Худамон бошем, ҳамин обро ҷӯшонида истеъмол мекунем. Аммо бисёриҳо наметавонанд аз мағоза об харанд, зӯрашон намерасад, аз дарё об мехӯранд, баъд касал мешаванд...»

Мушкил ҳалли худро меҷӯяд

Хонум Юрченко меафзояд, мақомоти ҳукумати маҳаллӣ аз мушкили норасоии об барои мардум хуб огоҳанд, аммо роҳҳалли ин
Ҷумакҳои бе об дар ноҳияи Ҷомӣ
масъаларо ҷӯё нашудаанд, ва ё намедонанд.

Дар ҳамин ҳол, Галина Курка, корманди масъули идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷомӣ, мегӯяд, феълан 90 дар сади аҳолии ноҳияи мазкур ба оби софи нӯшиданӣ дастрасӣ надошта, танҳо аз оби чоҳҳо ва ҷӯйборҳо истифода мекунанд.

Хонум Курка вазъи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшиданиро бисёр ваҳшатзо арзёбӣ карда, мегӯяд, сифати об нигарониҳои коршиносон, мақомот ва худи мардуми маҳаллиро ба бор овардааст, аммо сокинони маҳаллӣ интихобе дигар надоранд:

«Аҳолӣ қариб ҳамеша як-якуним километр роҳро барои гирифтани об тай мекунанд, оби чоҳҳо аслан хлор кунонида намешавад, агар обро ба коса гирифта, ду-се рӯз нигаҳ доред, зери коса месабзад, мисли он ки алаф мерӯяд. Оби ҷӯйбор ва рӯдхонаҳо як тараф, ҳатто оби ҳамин 4-5 чоҳе, ки дар маркази ноҳия ҳаст, коркард намешавад ва мардум оби барои саломатӣ зарароварро истифода мекунанд. Танҳо дар чанд мавзеъи маркази ноҳия муҳаррикҳои обкаш насб шудаанд, ки ду соат субҳ ва ду соат шом об мекашанд, аммо ин об ҳам нопок аст. Мо барои ислоҳи вазъ дасти кӯтаҳ дорем, роҳи ҳалли ин мушкилро ҳанӯз намебинем. Аммо мутахассисон аз як созмони хориҷӣ ва аз шаҳри Душанбе омада, сифати оби ноҳияро санҷиданд, ки хулосаашон манфӣ буд. Яъне ин обро хом, ноҷӯшонида истеъмол кардан хатаровар аст».

Ташналабон ҷуёи обанд

Коршиносони масоили беҳдоштӣ ва муҳитзистӣ мегӯянд, бар асари истифода аз оби чоҳҳо ва рӯдхонаҳо, ки ғолибан коркард
Наталя Юрченко, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
намешавад, мизони гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар миёни аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯ ба афзоиш будааст.

Азиз Алимардонов, собиқ корманди хадамоти обрасонии ноҳияи Ҷомӣ, мегӯяд, ду сол қабл бо кӯмаки молии созмонҳои байналмилалӣ дар маркази ноҳия ва бархе рустоҳо чоҳҳои об кофта шуда, муҳаррикҳои обкаш насб гардиданд, аммо бо ин ҳам масъалаи таъмини об роҳҳал наёфтааст:

«Ҳамин ташкилотҳои байналхалқӣ омада ёрдам карда буданд, хостанд, ки мардумро бо оби зеризаминӣ таъмин кунанд, лекин корро бесифат анҷом доданд. Зеро ду сол нагузашта, аллакай насосҳояшон вайрон шуд, моторҳо аз кор баромад, дигар онро харида натавонистанд, қубурҳоро дуруст наканда буданд, барои ҳамин ҳоло мардум боз ҳам беоб мондааст...»

Ва аммо норасоии оби нӯшиданӣ мушкили хоси танҳо сокинони ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ нест. Ба иттилои манобеи расмӣ, феълан дар қаламрави вилояти Хатлон 80 дарсади аҳолӣ аз оби ҷӯйбору рӯдхонаҳо истифода мекунанд ва танҳо камтар аз 20 дарсади сокинони ҷануби кишвар бо оби коркардшуда ва софу безарари нӯшиданӣ таъмин будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG