Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон санади дарёфти қарзри Бонки Авруосиёро имзо кард


Бино ба иттилои хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар", имрӯз дар вазорати молияи Тоҷкистон маросими имзои қарордод дар бораи гузоштани қарзи 70 миллион долларӣ дар ихтиёри Тоҷикистон баргузор шуд. Қарордодро аз ҷониби Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молия ва аз ҷониби Сандуқи зидди бӯҳронҳои Бонки Рушди Авруосиё Сергей Шаталов имзо карданд. Дар маросими имзо гуфтанд, Тоҷикистон нахустин кишварест, ки аз ин сандуқ қарз мегирад. Қарз барои мӯҳлати 20 сол дар ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешавад ва 5 соли он дорои имтиёз аст.
XS
SM
MD
LG