Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико


Кореяи Шимолӣ таҳдид кардааст, ки дар ҷавоб ба машқҳои муштараки баҳрии Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико аз "таҳдиди ҳастаӣ" истифода хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ аз номи Коммиссияи Миллии дифои ин кишвар иттилоъ додааст. Коммиссия гуфтааст, низомиёни кишвараш ба хатари ҳастаӣ омодагӣ мегиранд, то дар посух ба машққҳои муштараки низомии Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико "Ҷанги муқаддас"-ро оғоз кунанд. Ин машқҳо рӯзи якшнбе шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG