Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоидаи Ироқ масъулияти ду инфиҷорро бар ӯҳда гирифт


Шабакаи Ал-Қоидаи Ироқ масъулияти ду бамгузорӣ бар зидди муттаҳидони пайрави мазҳаби суниро бар ӯҳда гирифт, ки сабаби куштори 43 нафар шуд. Ин инфиҷорҳо якшанбеи гузашта, 18-ӯми июл рух дод. Дар марговартарин инфиҷор дар наздикии Бағдод 39 нафар ҷонибдорони гурӯҳи "Саво" замоне кушта шуданд, ки онҳо дар саф истода буданд ва ба онҳо дастмузд тақсим мекарданд. Дар инфиҷори дуввум дар наздикии марз бо Сурия 4 нафар пайравони сунӣ кушта, 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин инфиҷор ҳангоми мулоқот бо раҳбарони сунӣ рух додааст.
XS
SM
MD
LG