Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯйи пардаи компютери кориам тасвири дарахте аст, ки аз он ба ҷои баргонаш доллар мерезад. Ин аксро як дӯстам дар саҳфаи «Мой мир» бароям ирсол карда буд ва ман онро дар рӯйи компютер гузоштам. Чашми ҳар нафаре, ки ба ин акс меафтад, ҳатман мегӯяд «кош, як чунин дарахт дар рӯйи ҳавлии мо мебуд...»

Як рӯз ҳатто бо ҳамкорам Фирӯз хаёлан ва бо ҳазлу шухӣ яке аз ин дарахтонро бурда дар рӯи ҳавлии онҳо «шинондем» ва баъд тассавур кардем, ки акнун бо ин дарахти доллар, ки пайваста аз шохаҳояш пул мерезад, чӣ хоҳем кард.

Дар тасаввурамон корҳои муҳими зиёдеро анҷом дода, нақшаҳои бузургеро иҷро ҳам кардем. Ман ба Фирӯз машварат додам, ки бо ин пулҳои хаёлӣ, акнун бояд роҳҳои ноҳамвори маҳаллаи кӯҳдоманашонро тармим ва ҳамвор кунад, то дигар меҳмонҳо бе мушкил ба хонаи онҳо бирасанд.

Хулоса, орзуҳои зиёде мекардем ва барои сарфи ин маблағҳо нақша мекашидем, ки манфиаташ ба ҳама бирасад, вале Фирӯз якбора аз ин дарахти доллардор рӯй гардонд.

«Не, ба ман лозим нест чунин дарахт ва ин қадар пул»,-гуфт ӯ.

«Эээ, чаро? Наход, ба одами зинда пули бе дарди миён лозим набошад?”

Баъд сӯҳбати хубамон аслан ба як тарафи дигар рафт. Хаё кардем, дар сурате, ки Фирӯз пули бе дарди миёнро мегирад ва зиндагии орому осудаааш, ноором мешавад. Хонаи Фирӯз якбора бо сабабе ғайриқонунӣ мебарояд ё ба истилоҳ генплан дар ин маҳалла зуд амалӣ мешаваду сокинон маҷбур мешаванд, онро тарк гӯянд.

Хулоса, чунин фикрҳо моро дар чанд дақиқа аз орзуи доштани як дарахти доллардор пушаймон кард.

Вале аслан вақте кас ба ин акс менигарад, ба фикр фурӯ меравад, ҳама куштору низоъ, хунрезиву бадбахтиҳои одамон пеши назар меояд, ки розӣ шавед, ҳама қариб ба хотири, ана, ҳамин доллар, ҳамин пул аст.

Маблағ аст, ки имрӯз метавонад ҳатто писарро бо падар ва бародарро бо бародар бегона кунад.

Маблағ аст, ки имрӯз ба хотири он беш аз 1 миллион ҷавонмарди тоҷик, дар бозори кори сиёҳи Русия бо таҳаммули ҳама навъ сахтиҳо, дар баробари теғи сартарошидаҳои рус кор мекунанд ва боз ҳам маблағ аст, ки кӯдакону занони зиёде дар орзуву ҳасрати падар, фарзанд, шавҳарони худ моҳу солҳо чашм ба интизоранд.

Ва ба хотири он баъзан одамон метавонанд ҳатто аз баҳри нанг, номус ё аз баҳри азизтарин касҳои худ бигзаранд, вале пул, доллар дошта бошанд.

Аммо оё воқеан бо доштани чунин як дарахт мо метавонем хушбахт бошем ва худро аз ҳама ғаму ғусссаҳо озод созем?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG