Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони иттиҳомот алайҳи генералҳои мустаъфӣ


Додгоҳи Туркия рӯзи ҷумъа дастури ҳабси 102 нафар, бо шумули се фармондеҳи мустаъфиро, ки ба таҳияи як қасди барандохтани ҳукумати исломгарои Туркия аз роҳи табаддулот дар соли 2003 муттаҳам мешаванд, содир кард ва гуфт, мурофиаи парвандаи онҳо рӯзи 16 декабр дар шаҳри Силиврӣ, дар ҳошияи Истамбул шурӯъ хоҳад шуд. Додгоҳ рӯзи душанбе дар маҷмӯъ алайҳи 196 нафар айбнома эълон кард. Интизор меравад, ки пулис акнун ба таъқиби айбдоршавандаҳо, бо шумули фармондеҳони дар гузашта аршади артиш Доган Четин, Озден Омек, Эргин Сайгун ва Иброҳим Фиртина бипардозад.
Дар сурати дайн шудани иттиҳомот, онҳо метавонанд то 20 сол ҳукми зиндон бигиранд.
XS
SM
MD
LG