Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Обама ба муборизаи бештар бо HIV ва AIDS


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ибтикори нави марбут ба ҳифзи сиҳҳати ҷаҳон тааҳҳуд супурд, ки бо вуҷуди пеш омадани даврони мушкили иқтисодӣ талошҳо барои мубориза бо HIV, ангезандаи AIDS ва худи ин бемории қаттолро ду баробар биафзояд. Дар паёми мустақими видеоие дар рӯзи ниҳоии анҷумани байналмилалии мубориза бо AIDS, ки як ҳафта боз идома дошт, Обама ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфтанд, ки рӯи бархӯрди фарогиру собит ва муассир дар қиболи густариши ин маризӣ тамаркуз мекунанд. HIV, ангезандаи камбуди масунияти бадан, ки ба AIDS меорад, феълан беш аз 33 миллион нафарро дар ҷаҳон сироят кардааст, ки ағлаб дар Саҳрои кабири Африқо ба сар мебарад. Аз авоили солҳои 80 ба ин сӯ ин маризӣ ҷони 25 миллион нафарро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG