Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси ҳайъати СММ барои таҳқиқи амалиёти Исроил


Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи ҷумъа ба хотири таҳқиқи амалиёти пурқурбонии нирӯҳои вижаи Исроил алайҳи корвони киштиҳои ҳомили кӯмакҳо ба навори Ғаза, ки мунҷар ба ҳалокати 9 фаъоли тарафдори Фаластин аз Туркия шуд, яке ҳайъати коршиносони байналмилалиро таъйин кард. Бар асоси баёнияи СММ, ин ҳайъати тадқиқотӣ 3 коршиноси мустақил – сэр Десмонд де Силва аз Бритониё, Карл Ҳудзон-Филлипс аз Тринидад ва Тобаго ва хонум Мерӣ Шантҳӣ Дайриам аз Малайзияро дар бар мегирад. Шӯрои 47-нафарии ҳуқуқи башар дар моҳи гузашта ба таъсиси чунин ҳайъат раъйи мувофиқ дода буд.
XS
SM
MD
LG