Пайвандҳои дастрасӣ

Қ. Абдуллоев: «Таронаи беҳтаринамро ҳанӯз насурудаам»

Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони тоҷик

Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони тоҷик

Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони хушсадои тоҷик, беш аз сӣ сол аст, ки барои ҳаводорон заҳмати самимонаву содиқона мекашад ва ҳар як оҳангро бо эҳсоси баланд иҷро мекунад. Ва бо ҳаракатҳои табииву садои фарқкунандааш дар дидаву қалбҳои ҳаводорони мусиқии ноби тоҷикӣ ҷо гирифтааст.

Қурбоналӣ Абдуллоев бо табассум, замони хурдияшро ба ёд меорад ва мегӯяд, барномаҳои мусиқии радиоро бо шавқ гӯш мекард ва ҳамзамон тасаввур менамуд, ки чӣ гуна садои ӯ аз ҳамин радио баланд мешаваду ба ҳунараш ҳамагон кафкубӣ мекунанд.

Бо ҳамин орзӯҳо соли 1977 ду таронаашро, ки «Гул мекунад» ва «Қонуни ҳақиқат» ном дошт, дар телевизион сабт намуд. Аммо албомҳояш танҳо соли 1996 мунташир шуд.

Дар шумурдани оҳангҳояш душворӣ мекашад ва мегӯяд, шояд бештар аз дусад тарона бошад. Аммо метавон гуфт, ҳар як сурудаш саҳнаи гӯиё маъниву эҳсоси волост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG