Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба номзад ба вакилии парлумон дар Хуст


Рӯзи ҷумъа бар асари таркиши бомб дар масҷиде дар шарқи Афғонистон як номзад ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ ва дастикам 16 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Инфиҷор замоне рух дод, ки Мавлавӣ Сайдуллоҳ дар масҷиди улусволии Мангозайӣ, воқеъ дар тақрибан 15-километрии маркази вилояти Хуст, суханронӣ мекард. Номзад ба вакилӣ дар пайи ин ҳамла дар ҳоли мадҳушӣ қарор доштааст. Мубориз Задрон, сухангӯи волии Хуст гуфт, ҳадаф маҳз Сайдуллоҳ буд.
Мавлавӣ Сайдуллоҳ номзад ба вакилии Вулусӣ Ҷирга, маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон дар интихоботи моҳи сентябри соли ҷорист.
XS
SM
MD
LG