Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори омодагии Маскав ба эҳёи ҳамкорӣ бо НАТО


Русия мегӯяд, барои эҳёи ҳамкориҳои низомиаш бо паймони низомии НАТО, ки тақрибан 2 сол пеш, дар натиҷаи ҷанги Русияву Гурҷистон ба сардӣ гароид, омода ҳаст.
Хабаргузории Интерфакс аз қавли генерал Николай Макаров, фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия навишт, ки Русия “барои ҷустуҷӯи посухҳои муштарак ба чолишҳову таҳдидҳои муосир ба амнияти байналмилалӣ ва ҳалли барои ҳарду ҷониб мақбули мушкилоти бархоста дубора омода ҳаст.”
Макаров дар пайи мулоқот бо адмирал Ҷиампаоло дӣ Паола, раҳбари кумитаи низомии НАТО дар Маскав сӯҳбат мекард. Равобити НАТО бо Маскав моҳи августи соли 2008, замоне тахриб шуд, ки нирӯҳои Русия ба хотири ҳимоят аз вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ вориди Гурҷистон шуд. Гурҷистон аз ангуштшумор кишварҳои шӯравии собиқ аст, ки мехоҳад ба узвияти НАТО бипайвандад.
XS
SM
MD
LG