Пайвандҳои дастрасӣ

Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Юрмалаи Латвия аз рақибаш Алексей Евченкои русиягӣ шикаст хӯрд.

Довар дар раунди 11-ум пас аз ҳуҷуми навбатии тӯлонӣ қувваозмоиро қатъ кард ва муштзани 27-солаи русиягӣ бо нокаути фаннӣ ғолиб дониста шуд.

Шералӣ Маҳмадалиеви 29-сола, ки порсол соҳиби камарбанди WBO EUROPEAN ва PABA (Созмони урупоии Ташкилоти ҷаҳонии бокс) гардида буд, унвонашро нигоҳ дошта натавонист.

Воқеъан, ин аввалин бохти Шералӣ Маҳмадалиев дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ мебошад. Вай аз ин пеш дар ҳамаи 11 қувваозмоӣ (дар 7-тоаш бо нокаут) пирӯзӣ ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG