Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Судури ҳукми ҳабси Файзуллоҳ Бобохонов


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дастури ҳабси Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро содир кард. Фаррух Ғаффоров, корманди масъули Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ин хабарро дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ таъйид кард ва гуфт, ки алайҳи Файзуллоҳ Бобохонов рӯзи 19 июл бо иттиҳоми ришвагирӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Файзуллоҳ Бобохонов соли 2005, ки падараш додситони кулли Тоҷикистон буд, додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуд. Вале баҳори соли ҷорӣ ба дунболи барканории Бобоҷон Бобохонов писари ӯро низ аз Ҳисор сабукдӯш карданд.
XS
SM
MD
LG