Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Галина Митяева аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум шуд


Галина Митяева, варзишгари Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук байни навҷавонон дар шаҳри Монктони Канада дар гурзандозӣ дар даври интихобӣ бо натиҷаи 51 метру 82 сантиметр байни 17 нафар дар ҷои 8-ум қарор гирифт.

Вале ин натиҷа ба Галинаи 19-сола, ки барои бори севум дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат кард, имкон надод ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад.

Ёдовар мешавем, ки Галина Митяева авоили моҳи июл дар Вйетнам гурзро ба масофаи 56 метру 5 сантиметр ҳаво дода, барои бори дуввум ба унвони қаҳрамони Осиё байни навҷавонон даст ёфта буд. Вале рекорди шахсии Галина Митяева дар гурзандозӣ 63 метру 43 сантиметр мебошад.
XS
SM
MD
LG