Пайвандҳои дастрасӣ

Тавлиди тило дар Тоҷикистон 43% афзудааст


Истихроҷи тило дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 дарсад афзуда, ба 740 кило расидааст. Хайруллоҳ Маҳмадалиев, муовини вазири энержии Тоҷикистон гуфт, ки беш аз ним тонна аз ин тилои истихроҷшударо Бонки миллӣ харидорӣ кардааст.
Оқои Маҳмадалиев афзуд, се корхонаи тавлиди тилои Тоҷикистон бояд то поёни сол 1703 кило тило истихроҷ кунанд, ки назар ба соли 2009 ҳудудан 40 дарсад бештар аст.
Бузургтарин корхонаи тилои Тоҷикистон “Зарафшон” имсол 446 кило тило истихроҷ кардааст.
XS
SM
MD
LG