Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба ташкили "бидуни таъхир"-и давлати Ироқ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз аҳзоби ба ҳам рақиби Ироқ даъват кард, давлати навро “бидуни таъхир” ташкил диҳанд. Кохи Сафед баёнияе бо чунин мазмунро дар пайи мулоқоти Обама бо сафири Амрико дар Бағдод Кристофер Ҳилл ва фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқ Рей Одиерно нашр кард. Интихоботи Ироқ ҳанӯз моҳи март доир шуда буд, вале эътилофҳои сиёсие, ки ба парлумон роҳ ёфтанд, то кунун наметавонанд бар сари шахси сарвазир ва феҳрасти кобинаи нави вазирон ба тавофуқ бирасанд. Чунин вазъ боиси бурузи нигарониҳо дар бораи бесуботӣ дар Ироқ шудааст.
XS
SM
MD
LG