Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагии Афғонистон дар Хоруғ мегӯяд, ки айни ҳол бештар аз 200 нафар мутахассисони тоҷики муқими Бадахшони Тоҷикистон дар риштаҳои мухталиф дар Афғонистон кору фаъолият мекунанд.

Масъули намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ гуфт, Афғонистон бештар аз ҳама ба пизишкон, муҳандисон, омӯзгорони компютер ва фанҳои дақиқ ниёз вуҷуд доштааст.

Ба иттилои мақомоти вилояти Бадахшон, аммо дар асоси қарордоди ҳамкориҳои марзӣ расондани кумаки тиббӣ ба сокинони деҳоти Афғонистон ҳар чи бештар густариш меёбад. Муовини сардори идораи тандурустии вилоят Шоҳабдурраҳмон Мамадкаримов мегӯяд, танҳо дар муассисоти беҳдошти вулусволиҳои Шуғнону Дарвоз 9 нафар пишикони тоҷик кор мекунад.

Вай баён дошт, бемористон ва клиникаҳои нави дар манотиқи марзии Афғонистон бунёд гардида, шадидан ба мутахассисон ниёз доранд ва масъулини риштаи беҳдоштии кишвари ҳамҷавор ягона роҳи осон ва камхарҷтари бартараф кардани мушкилотро дар даъватии пизишкони тоҷик мебинанд.

Ошурмо Шайбова, пизишки бемористони Хоруғ, мегӯяд, чанд сол қабл хонааш аз офати табиӣ зарар дида, вай намедонист, ки бо музди ками пизишк чи тавр барояш хона бисозад. Аммо дар ҳоле, ки бархе аз пизишкон ба манзури бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимои роҳи муҳоҷират ба Русия ва дигар кишварҳоро пеш гирифтанд, вай тибқи як эълон ва ширкат дар озмун барояш дар вулулсволии Дарвози Афғонистон кор пайдо кард.

Эҳтироми хоссаи пизишкон дар Афғонистон


Ба гуфтаи Ошурмо, дар кишвари ҳамҷавор пизишк аз эҳтироми хосса бархурдор буда, гурӯҳашон дар тӯли чор соли фаъолият на фақат ба маризони зиёде шифо бахшидаанд, балки аз мизоҷонашон низ бисер чизҳоро омӯхтанд.

Ошурмо изҳор медорад, ки акунун боз вай дар бемористони Хоруғ дар шӯъбаи эҳё ва беҳискунӣ фаъолият дорад, вале эҳсос мекунад, ки пас аз таҷоруб дар кишвари ҳамҷавор муносибаташ нисбати мизоҷон хеле тағйир кардааст ва чунин мешуморад, ки рӯи хандону забони мулоими пизишк дар баробари даво ба дардманд сиҳҳат мебахшад.

Дар ҳамин ҳол тибқи ҳамкориҳои марзӣ дар соҳаи тандурустӣ хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон иҷрои барномаи махсуси расондани кумаки оҷили тиббиро ба сокинони деҳоти марзии Афғонистон рӯи даст гирифтааст, ки аз ҷониби ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

Ба гуфтаи муовини сардори идораи тандурустии вилоят Шоҳабдураҳмон Мамадкаримов, тибқи ин барнома, мутахассисони муассисоти беҳдоштии Бадахшон дар сурати зарурат ба таври оҷил барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба бемористонҳои вулусволиҳои марзи интиқол мешаванд. Вай гуфт, ки мутахассисони тоҷик аз рӯи ин барнома аллакай 7 мавриди ҷарроҳиро анҷом додаанд.

Ошурмо мегӯяд, ки агарчанде дурӣ аз хонавода барояш душвор буд, аммо боз ҳам бо 400 доллари маош вай тавонист хонаи зарардидаашро нав кунад ва дар ҳамҷоягӣ бо шавҳараш як дорухонаи хурди хусуси таъсис диҳанд, ки феълан василаи асосии рӯзгордориашон мебошад. Аммо муҳандисон мегӯянд, ки онҳо барои кор дар Афғонистон то 1000 доллар музд мегиранд ва ба хотири ин даромад омода ҳастанд, ки бархе аз нороҳатиро тоқат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG