Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори 4 узви Ал-Қоида аз зиндони Ироқ


Вазири адлияи Ироқ Доро Нуриддин гуфт, 4 боздоштшудаи марбут ба Ал-Қоида ду рӯз пеш аз зиндоне дар ҳошияи Бағдод, ки Амрико ҳафтае қабл ба мақомоти ироқӣ супурда буд, фирор кардаанд. Ӯ афзуд, ки ин 4 нафар ба терроризм айбдор мешаванд. Як маъмури зиндон, ки масъули нигаҳбонии ин афрод будааст, низ ғайб задааст. Дар ин зиндон, ки қаблан ҳамчун Camp Cropper ёд мешуд ва рӯзи 15 июл дар ихтиёри мақомоти Ироқ қарор гирифт, 1500 маҳбус нигоҳ дошта мешуд. Хабарнигорон мегӯянд, фирори ин маҳбусон дар роҳи талошҳои давлати Ироқ, ки мегӯяд, тавони мустақилона ва бидуни ҳамдастии Амрико фаъолият кардан дар саросари кишварро дорад, мушкилот эҷод хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG