Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян мегӯяд, ба Амрико "посухи амалӣ" хоҳад дод


Кореяи шимолӣ гуфтааст, ки ба иқдомоти дар пайи қазияи ғарқ кардани киштии Кореяи ҷанубӣ алайҳи Пхенян андешидаи Амрико “посухи амалӣ” хоҳад дод. Вошингтон дар ин ҳафта эъмоли таҳримоти нав алайҳи Кореяи шимолиро, ки бар зидди доираҳои ҳокими ин кишвари коммунистӣ равона шудаанд, эълон кард. Амрико ва Кореяи шимолӣ ҳамчунин дар бораи баргузории машқҳои муштараки баҳрӣ хабар доданд, ки бояд рӯзи якшанбе шурӯъ шавад. Як таҳқиқоти байналмилалӣ масъулияти ғарқ кардани киштии ҷангии Кореяи ҷанубӣ дар моҳи мартро, ки мунҷар ба ҳалокати 46 маллоҳ шуд, ба Кореяи шимолӣ бор кард. Вале Пхенян ҳар навъ дахолаташро дар ин қазия радд мекунад.
XS
SM
MD
LG