Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти писари собиқ додситони кул бо иттиҳоми ришвахорӣ


Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон
Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон

Маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро бо иттиҳоми ришвагирӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ боздошт кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дастури ҳабси Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро содир кард.

Фаррух Ғафоров муффатиши калони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зиди фасоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттилоъро тасдиқ кард ва аз ҷумла гуфт, Бобохонов бо иттиҷоми тамаъҷӯӣ ва фаро рафтан аз ҳадди ваколати хидамтӣ боздошт шудааст:

«Бо аломатҳои модаи 314 қисми 2 ва 319 қисми 4 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ниасбати Бобохонов Файзулло додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва Нуралиев Шоҳрух, сармуфаттиши додситонии ҳамин ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад. Бобохонов ва Нуралиев бо раводиди додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ феълан дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд».



Муфаттиш Ғаффоров илова кард, ки чанд аризаи дигар ҳам аз сокинони ноҳияи Ҳисор, дастраси афсарони идораи мубориза бо фасод шудааст, ки дар он шаҳрвандон афроди номбурадро бо фасодм уттаҳам кардаанд.

То боздошти Файзулло Бобохонов дар давоми шаш моҳи соли равон камаш 12 додситони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо иттиҳомоти марбути фасод аз курсиҳояшон маҳрум шуда буданд.

Бисёриҳо ин барканорсозии додситонҳоро ҳамчун тавсеаи маъракаи мубориза бо фасод арзёбӣ мекунанд, вале баъзе шореҳон ин падидаро бо идомаи муборизаи дарозмуддати Идораи Додситонии Кулли Тоҷикистон ва Агентии давлатии мубориза бо фасод мешуморанд, ки камаш ду сол давом кард ва дар ин байн ин ду ниҳод борҳо кормандони якдигарро бо фасод муттаҳам карданд.

"Таъйини писари додситони кул ба додситонӣ иштибоҳ буд"

Сардабири нашрияи "Азия Плюс" Марат Мамадшоев мегӯяд, аслан истихдоми Файзулло Бобохонов барои кор дар додситонӣ хилофи қонун буд, зеро бархӯрди манфиат ба вуҷуд меовард, вале ба ҳар ҳол, бояд тафтиш идома ёфта, ҷурм ва ё бегуноҳҳии ӯ исбот шавад.

Вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон Исмоил Талбаков мегӯяд, хуб мебуд, агар ҷурми Файзулло Бобохонов замони сари қудрат будани падараш собит мешуд, зеро ҳоло он мисли қассос ҷилва мекунад.

Дар нишасти матбуотии моҳи равон додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода гуфт:

"Мо шуморе аз додситонҳоро барканор намудем, чунки зердастонашон бо аъмоли ҷиноӣ ва аз ҷумла ришваситонӣ дастгир шудаанд. Дар ин рӯйхат додситонҳои ноҳияҳои Восеъ ва Ҷиликӯл, муовини додситони вилояти Хатлон ва онҳое шомил ҳастанд, ки зердастонашон бо фасод ва аз ҷумла бо гирифтани пора ба маблағи аз 500 то 6000 доллар муттаҳам мешаванд".

Агентии Байналмилалии Транспаренси Интернешенел Тоҷикистонро дар байни 20 кишвари фасодзадаи олам ёд кардааст ва ҳукумати Тоҷикистон зери фишори кумакрасонҳои байналмилалӣ маҷбур шуд мубориза бо фасодро таҳким бахшад.

Ба вижа мардуми зиёд мегӯянд, аз фасодзадагии ходимони соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва додгоҳ нороҳат ҳастанд.

Оҷонси фасод ва додситонӣ

Моҳи маи соли 2007-ум президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Агентии давлатии мубориза бо фасодро ташкил намуда, Шерхон Салимзода собиқ додситони шаҳри Душанбе ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро, ки бо муборизаи беамонаш бо порахӯрӣ маъруф шудааст, ба раҳбарии ин ниҳоди зидди фасод таъйин кард.

Баъди як муддати кӯтоҳи иҷрои вазифа дарм аркази таваҷҷӯҳи Салимзода идораи додситонии кулли Тоҷикистон қарор гирифт, ки баъзе ходимонаш бо фасод ва ҳифзи мансабдорони порахӯр муттаҳам мешуданд.

Идораи мубориза бо фасод якчанд ходими идораи додситониро бо иттиҳоми фасод боздошт намуд, вале идораи додситонӣ, ки он замон судури ҳукми ҳабсро дар ихтиёр дошт, ходимонашро раҳо намуд.

Салимзода муваффақ шуд, ки парламентро ба тағйири ин раванд моил намояд. Қонунгузорони тоҷик ҳаққи судури ҳукми боздштро аз додситонӣ ба додгоҳ интиқол доданд.

Тибқи иттилои Агентии мубориза бо сафод ин идора аз замони таъсиси он камаш 2 додситон, 4 додгустар ва ё судя, 30 ходими бахшҳои мухталифи низоми адлия ва тахминан 100 корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботро ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Ба назар мерасад, ки фаъолияти Агентии мубориза бо фасод собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро нороҳат карда буд.

Ӯ ин ниҳодро бо барангехтани иғво дар муқобили додистонҳо муттаҳам кард. Бар илова идораи додситонӣ бар зидди чандин ходими идора мубориза бо фасодро бо ришваситонӣ муттаҳам кард.

Хулоса, дар соли 2009-ум Салимзода аз мансаби раиси Агентии мубориза бо фасод ба ҳайси мушовир ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Вале ғайримунтазира дар моҳи январи соли 2010-ум додситони кулл Бобоҷон Бобохонов ба нафақа фиристода шуд ва президенти Тоҷикистон ба ин мансаб Шерхон Салимзодаро пешбарӣ кард.

Барканорсозии додситонҳо баъди таъйини Салимзода оғоз ёфт ва баъзеҳо тахмин мекунанд, ки додситони нав наздикони Бобохоновро аз қудрат дур мекунад.
XS
SM
MD
LG