Пайвандҳои дастрасӣ

Белград баҳси Косоворо ба Маҷмаъи умумӣ хоҳад кашид


Раҳбарони Сербистон мегӯянд, муборизаро алайҳи истиқлолияти Косово идома хоҳанд дод. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи байналмилалӣ гуфт, эълони якҷонибаи истиқлоли ин минтақаи дар гузашта тобеъи Сербистон дар соли 2008 қонунҳои байналмилалиро нақз накардааст.
Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич акнун исрор меварзад, ки ҳукми ин додгоҳ бояд моҳи сентябр дар Маҷмаъи умумии СММ баҳс шавад ва СММ бо қатъномае ба таъйини мақоми ниҳоии Косово аз роҳи музокирот даъват кунад: “Сербистон тамоми кӯшишро хоҳад кард, ки теъдоди ҳарчӣ камтари кишварҳо Косоворо ба расмият бишиносанд ва дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар Ню-Йорк қатъномаи Ҷумҳурии Сербистон пазируфта шавад.”
Аммо сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ гуфт, истиқлолияти кишвараш воқеъият шуда ва ҷойи музокирот надорад.
Раҳбарони Косово ва Амрико дар пайи қазовати Додгоҳи байналмилалӣ аз кишварҳое ки то ҳол Приштинаро ба расмият нашинохтаанд, даъват карданд, ки акнун истиқлолияти Косоворо эътироф кунанд. То кунун танҳо 69 кишвар аз 192 узви СММ истиқлолияти Косоворо ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG