Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиши таъсири муҳоҷират ба саломатии мардон


Маркази омӯзиши саросарии тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ, ки созмони ғайридавлатӣ ва марбут ба Донишгоҳи Колумбиёи шаҳри Ню- Йорки Амрикост, таҳти унвони “Роҳи абрешим барои тандурустӣ” ба пиёда кардани тарҳе оғоз мекунад, ки ҳадаф аз он омӯзиши таъсири муҳоҷират ба саломатии мардон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки дар бозорҳои шаҳри Алмаато кору фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи Баурҷон Амиров, муовини раиси ин марказ, ин нахустин тарҳи илмиву пажӯҳишист, ки аз ҷониби марказ барои чаҳор сол роҳандозӣ мешавад ва дар ин муддат анқариб ду ҳазор тоҷирони бозор мавриди пажӯҳиш қарор мегиранд.

Муовини раиси маркази омӯзиши саросарии тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ иброз дошт, ки “ин тарҳ барои арзёбии ангезаҳои пайдоиши бемориҳои гуногун, ки ҳангоми кор дар бозор ва аз ҷумла дар байни муҳоҷирон пайдо мешаванд, пешбинӣ гардидааст. Зеро шароити кору зиндагии онщо дар бозор вижагиҳои худро дорад”.

Ифтитоҳи дафтари омӯзишӣ дар бозори "Барахолка"

Оқои Амиров изҳор мекунад, ки ҷиҳати пажӯҳиш бузургтарин бозори минтақа — “Барахолка”-и шаҳри Алмаато интихоб гардид, зеро дар ин ҷо ба ҷуз тоҷирони маҳаллӣ ҳамчунин муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шумораи зиёди тоҷикон, кору фаъолият мекунанд.

Дафтари кори Маркази омӯзиши саросарии тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ низ дар ин бозор ҷойгир хоҳад шуд, то барои ба пажӯҳиш даъват кардани тоҷирон ба таври осон сурат гирад. Дар ҷараёни пиёдасозии ин тарҳ, тавре оқои Амиров мегӯяд, дар байни тоҷирон ва муҳоҷироне, ки дар бозор кор мекунанд, сӯҳбату корҳои рӯшангарӣ гузаронида шуда, вазъи саломатии онҳо бо роҳи таҳлили хун, санҷидани фишор ва пурсишҳои табибон муайян карда мешавад.

Агар нишонаҳои беморӣ дар муҳоҷирон ё тоҷирони маҳаллӣ пайдо гардад, онҳоро барои муолиҷа тавсия медиҳанд ва бо ин роҳ ҷиҳати сари вақт шифо ёфтани онон ин тарҳ мусоидат хоҳад кард. Ба таъкиди оқои Амиров, ҳарчӣ фаъолонатар ширкат кардани тоҷирон ва муҳоҷирони бозор ҳам гарави муваффақона амалӣ гардидани ин тарҳ ва ҳам ба суди худи муҳоҷирон аст.

Аз сӯи дигар, сӯҳбат бо муҳоҷирон махфӣ боқӣ хоҳад монд ва чун муҳоҷирону тоҷирон ҳангоми кор ба пажӯҳиш ҷалб мегарданд, ба онҳо як миқдор ҷубронпулӣ низ супорида хоҳад шуд.

Муовини раиси Маркази омӯзиши саросарии тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, “мо ҳамаи муҳоҷиронро даъват мекунем, ки дар ин тарҳ ширкат кунанд. Мо дар байни онҳо чорабиниҳои гуногун гузаронида сабабҳои пайдоиши бемориҳои гуногуни мавсимиву вогир, ба шумули бемориҳое, ки аз алоқаи ҷинсӣ пайдо мешаванд ва ҳамчунин зарари сигоркашиву шаробнӯшӣ ва дигар шуғлҳои нолоиқро ба онҳо мефаҳмонем”.

Ба муҳоҷирон расонидани иттилоъ ва матлабҳои зарурӣ ба забони модирӣ яке аз роҳҳои паҳн кардани маърифати тиббист. Зеро баъзе муҳоҷирон забони русӣ ва қазоқиро намедонанд ва барои онҳо китобчаву варақаҳо ба забони модариашон расонида мешавад.

Истиқболи муҳоҷирон аз тарҳи “Роҳи абрешим барои саломатӣ”

Раҷматҷон Маллаев, бозаргони тоҷик, ки худ табиб асту чандин сол ба ин тараф дар бозори Алмаато бо тиҷорати меваи хушк машғул аст, аз ин тарҳи “Роҳи абрешим барои саломатӣ” хуш истиқбол намуд ва онро яке аз роҳҳои муассири муайянсозӣ ва пешгирии бемориҳо дар байни тоҷирони бозор донист. Ӯ мегӯяд, “яке аз роҳҳои хуби табобати беморӣ пешгирии он аст ва ҳамкории ташкилотҳои байналмилалӣ дар ин масъалабарои муҳоҷирон фоидаовар мебошад”.

Тоҷири тоҷик меафзояд, чун шароити кор барои тоҷирон дар бозор сангин асту онҳо дар шаҳри Алмаато фасли зимистон аз сармои шадид ва тобистон аз гармои тоқатфарсо азоб мекашанд, ба бемориҳои гуногун мисли дарди по, асаб, бемориҳои рӯдаву меъда ва аз алоқаи ҷинсии тасодуфӣ ба бемориҳои пӯст гирифтор мешаванд, Ҳамсӯҳбати мо таъкид мекунад, ки ҳарчанд дар байни муҳоҷирони тоҷик шаробнӯшону сигоркашон чандон зиёд нестанд, вале тақрибан 60 дарсади онон нос мекашанд ва зарари нос низ аз зарари сигор кам нест.

Ба таъкиди оқои Маллаев, ин тарҳ таи чаҳор сол имкон хоҳад дод, ки ҳам гирифторони бемориҳои гуногунро дар байни тоҷирони бозор коҳиш ёбад ва ҳам барои поин бурдани паҳншавии бемориҳои вогир дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд. Зеро ба муҳоҷирон, ки дар шароити душвор ва дур аз зану фарзанд ба сар мебаранд, аз ҳама бештар бемориҳои гуногуни вогир таҳдид мекунад.

Маркази омӯзиши саросарии тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дафтараш дар Қазоқистон воқеъ гардидаасту он дар Қирғизистону Тоҷикистон ва Муғулистон намояндагӣ дорад, аз оғози фаъолияти хеш, яъне аз соли 2007 ба ин тараф, чаҳор маротиба барои роҳандозии пажӯҳишҳои гуногун аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи миллии тандурустии ИМА маблағгузорӣ гардид ва ҳадафи асосии марказ мусоидат ҷиҳати ҳалли мушкилот дар бахши тандурустӣ ва ба даст овардани натоиҷ барои беҳтар кардани вазъи саломатӣ ва зиндагии мардум дар Осиёи Марказӣ аст.
XS
SM
MD
LG