Пайвандҳои дастрасӣ

Истирдоди Асқар Исҳоқалиев аз Туркия ба Қазоқистон


Туркия Асқар Исҳоқалиев, раҳбари собиқи кумитаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Қазоқистонро ба дасти мақомоти қазоқ супурдааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки Исҳоқалиев феълан дар Остона, дар боздоштгоҳи пешакии кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад.
Исҳоқалиев ҳанӯз моҳи январ дар минтақаи Анталияи Туркия боздошт шуда буд. Остона ӯро ба сӯъиистифода аз мақом муттаҳам мекунад.
Гуфта мешавад, ки исҳоқалиев дар соли 2006 бар асоси як тендер эҳдоси 6 гузаргоҳ дар марзи Қазоқистон бо кишварҳои дигари Осиёи Марказиро ба ширкати “Айдар Қурилиш” вогузор кардааст. Вале таҳқиқот маълум кард, ки ин гузаргоҳҳо бо сифати хеле пойин бино шуда, ғайри қобили истифодаанд.
XS
SM
MD
LG