Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабари боздошти Ф.Бобохонов расман таъйид шуд


Маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон 3 рӯз пеш Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро бо иттиҳоми ришвагирӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ боздошт кардаанд. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ бояд то поёни рӯзи ҷумъа масъалаи судури ҳукми ҳабси Файзуллоҳ Бобохоновро ҳалл кунад.
Гуфта мешавад, қаблан як муфаттиши додситонии ноҳияи Ҳисор бо иттиҳоми гирифтани ришва ба маблағи 20 000 доллар боздошт шуда буд ва ин нафар баёнот додааст, ки ин маблағро бо Файзуллоҳ Бобохонов тақсим кардааст.
Файзуллоҳ Бобохонов соли 2005, ки падараш додситони кулли Тоҷикистон буд, додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуд. Вале баҳори соли ҷорӣ ба дунболи барканории падараш аз мақом ӯро низ аз мақоми додситони Ҳисор сабукдӯш карданд.
XS
SM
MD
LG