Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 100 тонна моҳӣ гирифтаанд


Имсол барои тавлиди моҳӣ ва анҷоми корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар риштаи моҳипарварии Тоҷикистон беш аз ним миллион сомонӣ масраф шуда, дар нимаи аввали сол дар кишвар ҳудуди 100 тонна моҳӣ гирифтаанд. Хабаргузории “Авасто” менависад, беш аз 70 дарсад аз ин миқдори моҳӣ дар вилояти Хатлон гирифта шудааст. Беш аз нисфи моҳии гирифташуда дар Тоҷикистон аз навъи гулмоҳӣ будааст.
XS
SM
MD
LG