Пайвандҳои дастрасӣ

Рейтинги макотиби олии Тоҷикистон нашр шуд


Бар асоси озмуни барпокардаи вазорати маориф, Донишгоҳи миллӣ беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон шинохта шудааст. Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ин озмун бар пояи 42 меъёр баргузор шуда, ба масоиле, чун савияи илмии ҳайъати устодон, шумори донишҷӯён ва тарбияи кадрҳо аҳамияти бештар додаанд. Ҷойҳои баъдиро дар рейтинги вазорати маориф Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи кишоварзӣ ва Донишгоҳи славянӣ ишғол кардаанд. Гуфтанист, ки донишгоҳҳои шомили панҷгонаи беҳтарин ҳама ахз Душанбеанд. Вале мақоми охирини 13-умро дар рейтинги донишгоҳҳо Донишгоҳи Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ гирифтааст.
Рейтинги донишкадаҳо аммо бо донишкандаи забонҳои Душанбе ба номи Сотим Улуғзода оғоз ёфта ва бо донишкадаи иқтисодии Хуҷанд хатм мешавад. Феълан дар Тоҷикистон 13 донишгоҳ ва 15 донишкада фаъолият дорад.
XS
SM
MD
LG