Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Салимов ба зиндон мунтақил мешавад


Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтаанд, Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилӣ, ки то кунун дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебарад, ба зиндон мунтақил хоҳад шуд. Ёқуб Салимов, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ муҷрим шинохта шудааст, соли 2003 боздошт ва дар соли 2005 ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Ёқуб Салимов дар соли 1992 дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олиии Тоҷикистон ба унвони нахустин вазири корҳои дохилии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мансуб шуд. Ӯ то соли 1995 дар ин мақом ифои вазифа кард ва баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркия таъйин шуд. Аммо бо гузашти як сол дубора бар гашт ва ба раёсати Кумитаи гумруки Тоҷикистон мансуб шуд.



Ёқуб Салимов дар тобистони соли 1997 дар як рӯёрӯии миёни нерӯҳои давлатӣ шарик дониста шуд ва Тоҷикистонро тарк кард. Ӯ ба нигаҳдории силоҳ, кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва таъсиси гурӯҳи мусаллаҳ муттаҳам мешуд.

Ёқуб Салимов - вазир


Номи Ёқуб Салимов дар Тоҷикистон замоне сари забонҳо афтод, ки дар моҳи апрели соли 1992 барои ҷилавгирӣ аз бархурди ширкаткунандагони гирдиҳамоии ба истилоҳ "Майдони Шаҳидон" ва "Майдони Озодӣ" дар хиёбони марказии ба номи Ленин бо гуруҳе аз ҷонибдоронаш гирдиҳамомадагонро ба хештандорӣ ва барои ҳалли мусолиматомези ихтилоф даъват мекарданд.

Вале баъд аз фурӯзон шудани оташи ҷанг миёни нируҳои давлати Раҳмон Набиев - президенти вақт ва Иттиҳоди нируҳои мухолифин дар ҷануби Тоҷикистон, Ёқуб Салимов ин бетарафиро канор гузошта, ба Фронти халқӣ пайваст.

Ӯ дар ҷараёни ин ҷангҳо ба яке аз фармондеҳони аршади Фронти Халқӣ ва ба яке аз наздикони Сангак Сафаров - раиси Фронти Халқӣ табдил ёфт, ки дар овардани давлати кунунии оқои Раҳмонов бар сари қудрат нақши аслӣ бозӣ кардааст.

Бо назардошти чунин хадамоташ Ёқуб Салимов моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми шаҳри Хуҷанд мақоми вазири дохилаи Тоҷикистонро ба даст овард. Вай дар ин мақом то соли 1995 фаъолият кард. Тайи ин муддат вай ҳамроҳ бо соири фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ, ки дар ниҳодҳои интизомӣ фаъолият мекарданд, рутбаи генерали нируҳои дохилиро гирифт.

Ёқуб Салимов - сафир

Ба дунболи сару садоҳо дар бораи саркашии вай аз иҷрои баъзе фармонҳои раиси ҷумҳури кишвар, оқои Раҳмонов хост уро муддате аз худ дур нигоҳ дорад, яъне ба Ёқуб Салимов мансаберо пешниҳод кунад, ки ҳам боиси ранҷиши вай нашавад ва ҳам дасташ аз дахолат дар умури кишвар кӯтоҳтар шавад. Чунин кор ташкили сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия ва вогузор кардани ин сафорат бар души Ёқуб Салимов буд.

Гарчӣ дар оғоз худи Ёқуб Салимов аз ин мақом канорагирӣ кард, вале баъдтар дар моҳи августи соли 1995 ин мақомро пазируфт ва беш аз як сол дар Туркия сафири Тоҷикистон буд. Сипас раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъйин шуд. Вале дар мақоми раёсати гумрук низ фаъолияташ зиёд тул накашид. Бино ба даъвои мақомотт дар моҳи тобистони соли 1997 ба шӯриши мухолифони зидди ҳукумат пайваст ва баъд аз шикасти ин рӯёрӯӣ ба хориҷ аз кишвар паноҳ бурд.

Ӯ соли 2003 дар Маскав боздошт шуд ва баъдан ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ёқуб Салимов дар соли 2005 ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, аммо то кунун бо вуҷуди даъвоҳои зиёд дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва ба зиндон мунтақил нашудааст.
XS
SM
MD
LG