Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои нав ба эътирофи истиқлолияти Косово


Сарвазири Косово Ҳошим Тачӣ ва вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, аз ҳамаи кишварҳо ва аз ҷумла Сербистон даъват карданд, пас аз пуштибонии Додгоҳи олии Созмони Милал истиқлолияти Косоворо ба расмият бишиносанд. Клинтон аз давлатҳои ҷаҳон хост, ба сулҳ ва эътидол дар Балкан кӯмак кунанд. Аммо Сербистон қарори додгоҳро, ки гуфтааст, эъломияи истиқлолияти Косово нақзи қонуни байнулмилал нест, рад кард. Президенти Сербия, Борис Тадич гуфт, Белград ҳаргиз қарори додгоҳро нахоҳад пазируфт. Вале сарвазири Косово Ҳошим Тачӣ гуфтааст, ин қарор посух ба тамоми ҷаҳониён аст. Иттиҳоди Аврупо изҳори омодагӣ кардааст, ки ба муколамаи байни Приштина ва Белград мусоидат кунад. Русия гуфтааст, қарори додгоҳ заминаи ҳуқуқии истиқлолияти Косово шуда наметавонад.
XS
SM
MD
LG