Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Покистон бе ҷурме 14 солро дар зиндон ба сар бурд


Додгоҳи олии Покистон имрӯз амр дод, зане ки 14 сол боз бидуни муҳокима ва бо иттиҳоми тавҳин ба дин дар маҳбас ба сар мебарад, озод шавад. Зайибун Нисои 60-сола аз соли 1996 то ҳоло бо иттиҳоми исботнашудаи беэҳтиромӣ ба "Қуръон" китоби муқаддаси мусулмонон дар маҳбас мебошад. Вакили Нисо, офтоб Аҳмад Боҷва мегӯяд, муштарии ӯ комилан бегуноҳ аст ва мақомот гуфта наметавонанд, ки бо чӣ айбнома зиндонӣ шудааст. Нисо ибтидо зимни як даъво бо ҳамсояаш боздошт шуда, танҳо дертар ӯро дар таҳқири "Қуръон" айбдор кардаанд, вале ҳеҷ гуна шаҳодати ҷурми ӯ мавҷуд набудааст. Таҳқири дин дар Покистон ҳукми қатл ба дунбол дорад ва ҳомиёни ҳуқуқ лағви ин иттиҳом аз қонуни кайфариро талаб мекунанд.
XS
SM
MD
LG